Бародарам: тӯҳфаи Раҳмон ба Мирзиёев ва даъвати дубораи президент ба Тоҷикистон

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон подарил Шавкату Мирзиёеву книгу "Чашмаи хирад" - сборник произведений Алишера Навои в переводе
Эмомали Рахмон подарил Шавкату Мирзиёеву книгу Чашмаи хирад - сборник произведений Алишера Навои в переводе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Шавкат Мирзиёевро бародари худ хонд ва даъват кард, ки раисҷумҳур дар дилхоҳ фурсат бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон равад

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороти матбуотиаш дар Тошканд хабар дод, ки раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон даъват кардааст. 

"Ман бародари азизам, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Миромонович Мирзиёевро даъват намудам, ки дар дилхоҳ фурсати барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд", — гуфт кишвардор.

Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиат ба Шавкат Мирзиёев раисҷумҳурро бародар номид ва гуфт, ки мехоҳад иқдоми неки президенти Узбакистонро идома диҳад, президенти Тоҷикистон барои ҳадя маҷмӯаи чанд китоби шоирони классикро бо худ ба Узбакистон бурдааст.

"Дар фарҷоми суханронии худ, мехоҳам иқдоми неки маънавӣ ва фарҳангии бародарам, муҳтарам Шавкат Миромоновичро идома диҳам. Тавре дар урфият мегӯянд, як китоби хуб беҳтар аз як хазинаи бузург аст. Аз ин рӯ, мехоҳам дурдонаҳои адабии классикони адабиёти тоҷику ӯзбек ва инчунин нависандагону шоирони муосирро ба Шумо ҳадя намоям", — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Инҳо маҷмӯаҳои "Гулбоғи ошно", "Рӯдакӣ", "Армуғони дӯстӣ" ва ҳамчунин маҷмӯаи асарҳои Алишер Навоӣ — "Чашмаи хирад" будаанд.

Ин китобҳо, фикр мекунам, ба Шумо писанд меоянд ва манфиати зиёд ба бор хоҳанд овард, афзуд президенти Тоҷикистон.

Лентаи хабарҳо
0