Ин марди мусалмон аз бемории саратон вафот кард. Аммо пеш аз марг тамоми дороияшро ба бенавоён тақсим карда, дар наворе охирон пайғомашро сабт кард.
"Худоро шукр, ки Аллоҳ ба ман бемории саратонро бахшид. Аз он вақт тамоми ҳаёти худро тағйир додам, то ба одамон кӯмак кунам", — мегӯяд ҷавон бо чашмони пур аз об.
Дар навор дида мешавад, ки ӯ ба одамон бастаи пул ва ба кӯдакон нон тақсим мекунад.
Алӣ Банат бисёр марди доро буд. Пас аз ташхиси даҳшатвори худ огаҳӣ ёфтан, ӯ метавонист пулҳои худро барои вақтхушкунӣ ё табобат сарф кунад, аммоАлӣ ҳаёти мондаашро барои кӯмак ба мардум сарф кард.
Вай бемории табобатнашавандаи худро доди Худо медонист.
"Саратон — доди Худованд аст. Брои он, ки Худованд ба ман имкон дод, ки тағйир ёбам. Ман аз мошин, либос ва соатҳои гаронбаҳоям халос шудам. Хостам ин ҷаҳонро бидуни дороӣ тарк кунам", — мегӯяд вай дар навор.
Вақте ки ба вай пизишкон гуфтанд, ки аз умраш 7 моҳи дигар боқӣ монд, вай ба хулоса омад, ки ҳаёти боқимондаашро ба накӯкорӣ мебахшад. Ӯ бунёди хайрияе бо номи Muslims Around the World ташкил карда, барои кӯмак ба мардум ба Африқо рафт.
Бунёди Алӣ дар кишварҳои гуногун мактаб ва табобатхона ва масҷид бунёд мекард. Ӯ ба ҳазорҳо камбағал аз 100 кишвар кӯмак расонд.
"Кӯшиш кунед, ки дар назди худ мақсад гузоред, нақша тартиб дода, аз рӯйи он кор кунед", — маслиҳат медиҳад Алӣ ба тамошобинони навор.
Бар хилофи ташхиси табибон, Алӣ бештар аз 3 сол бо бемории саратон мубориза бурд.
"Ту аз ҳаёт танҳо меравӣ. На падар, на модар ва на хоҳар ва на бародаратро бо худ бурда наметавонӣ. Танҳо корҳои некат боқӣ мемонанд. Ҳатто пулҳои ту барбод мераванд. Ҳар чизе ки мемонад — ин амалҳои неки ту аст", — мегӯяд вай дар наворе, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз маргаш сабт шудааст.
Алӣ Банот дар соли 1982 дар Австралия таваллуд шудаст. Вай моҳи майи соли 2018 дар синни 36-солагӣ аз бемории саратон фавот кард.
Ба гуфтаи дӯстонаш, рамзист, ки Алӣ дар моҳи Рамазон вафот кард. Дар Сидней ба маросими видоъ бо Алӣ ҳазорон нафар барои эҳтироми корҳои неки анҷомдодаи ӯ ҷамъ омадаанд.