Сеҳру ҷодуи кампир дар наздикии Душанбе: 400 сомонӣ барои узви гургҷон

© PixabayВолк, архивное фото
Волк, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, сарфи назар аз фаҳмондадиҳиҳо дар кишвар бозори сеҳру ҷодугарон ҳанӯз дар гарм мебошад

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон аз қаллобии як зани солхӯрда дар атрофи Душанбе хабар доданд, ки ба сеҳру ҷоду машғул будааст.

Тибқи гузориши ВУД, Фотима Аминова, сокини 71-солаи ноҳияи Рӯдакӣ, дар навоҳии атрофи пойтахт ҳамчун фолбину сеҳргар маъруф гардида, ба воситаҳои гуногун, аз ҷумла узви гург мушкили мардумро гӯиё ҳал мекардааст.

Гадальный салон Веди. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
"Гирифторони сеҳру ҷоду табобат мешаванд?"

Манбаъ мегӯяд, дафтари кории кампири сеҳргар дар хонааш дар кӯчаи Сомонии ноҳияи Рӯдакӣ қарор доштааст. ВУД гузориш дод, ки Аминова барои коркушоӣ ба воситаи узви гург дар маҷмуъ 451 сомонӣ талаб мекардааст.

"Аз ин 400 сомонӣ барои узви гург, 50 сомонӣ ҳаққи хондан ва 1 сомонӣ барои печондан дар атрофи тумор, ҳамчун садақа ба гург мебошад", —изҳор доштааст Аминова.

Ӯ аз корафтодагон дархост мекардааст, ки барои коркушоӣ чунин суханонро ба забон оранд.

"Гургҷон, гургҷон ман шумойа куштагӣ не, ман да ёрдам деҳ…", —  таъкид мекардааст фолбин.

ВУД таъкид намудааст, ки чунин аъмол хилофи дини мубини Ислом буда, аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки ба хурофотпарастӣ дода нашаванд.

Лентаи хабарҳо
0