"Бег Сабур барои иди Қурбон ба кормандонаш пиёзу каду тӯҳфа кард"

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookБег Сабуров, архивное фото
Бег Сабуров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Баъзе кормандон, ки моҳҳо боз маошашонро нагирифтаанд, бо ҳасрат гуфтанд, ки ба ҳаминаш ҳам шукр. Аммо бештарашон хеле афсурдахотир мегуфтанд: "Ростӣ аз ҳамин одам дилгир шудаем"

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Бег Сабур раиси хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба кормандони хадамот пеш аз иди Қурбон пиёзу каду тӯҳфа карда, ба онҳо "ҷои кори нав" пешниҳод кардааст — пиёзчиниву пиёзтозакунӣ дар полизҳои шаҳрҳои Ҳисору Кӯлоб. Дар ин бора рӯзноманигори тоҷик Раҷаб Мирзо аз қавли кормандони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар гурӯҳи Ахбор барои афкори Фейсбук хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони хадамот шикоят кардаанд, ки барои нафароне, ки қудрати  дар сохтмонҳои раиси хадамот кор карданро надоранд, "ҷойи кори нав" пешниҳод шудааст: онҳоро хадамот барои пиёзчиниву пиёзтозакунӣ ба полизҳои шаҳрҳои Ҳисор ва Кӯлоб равон мекардааст.

"Тасаввур намоед, ки корманди давлатӣ меравад ва кори шахсии роҳбари коргоҳро анҷом медиҳад ва барои ин аз буҷаи мамлакат — яъне андози мову Шумо маош мегирад", — менависад манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, бархе кормандони Хадамоти алоқа ба мо гуфтанд, ки имрӯз пешопеши Иди Қурбон Бег Сабур ба онҳо туҳфа фиристодааст: пиёзу каду, афзудааст рӯзноманигор.

Баъзе кормандон, ки моҳҳо боз маошашонро нагирифтаанд, бо ҳасрат гуфтанд, ки ба ҳаминаш ҳам шукр. Аммо бештарашон хеле афсурдахотир мегуфтанд: "Ростӣ аз ҳамин одам дилгир шудаем. Худо мегӯем, ки фармони аз кор рафтанаш зудтар паҳн мешуд, чун бовар надорем, ки ӯро барои ин қонуншиканиҳо муҷозот намоянд".

Бори аввал нест, ки исми раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо иқдомҳои "назаррасаш" расонаӣ мешавад. Чуноне ки пештар баста шудани чанд шабакаҳои иҷтимоӣ ва изҳороти роҳбарияти хадамоти алоқа дар ин маврид шаҳрвандони Тоҷикистонро нигарон карда буд. Ба гуфтаи рӯзноманигорони тоҷик, Бег Сабур чанд соли ахир ба нишастҳои матбуотӣ  ҳозир намешавад ва бо рӯзноманигорон ба алоқа намебарояд.

Ҳамагӣ як рӯз пештар, 15 август хабар дода шуд, ки Хадамоти алоқаи Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз "зуд зуд иваз кардани симкортҳо" пешниҳод кард, ки нархи он 250 сомонӣ муқаррар шавад. Интизор мешавад, ин пешниҳоди хадамот рӯзҳои наздик амалӣ шавад.

Лентаи хабарҳо
0