ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар ин бора РИА Новости аз қавли Анҷумани ширкатҳои сайёҳии Русия хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ тайи нимсолаи аввали соли равон коҳиши вуруди шаҳрвандон аз Украина —2,8%, Қазоқистон-3,5%, Узбакистон —5,10%, Тоҷикистон —9%, Озарбойҷон-1,3%, Арманистон-4,3% ва Қирғизистон — 4,6% ба қайд гирифта шудааст.
Вуруди шаҳрвандони Гурҷистон, Абхазия ва Туркманистон афзоиш ёфтааст.
Қаблан мақомоти Русия иттилоъ доданд, ки Тоҷикистон аз рӯи теъдоди муҳоҷирон мақоми сеюмро гирифта, феълан 11,3 дарсади тоҷикистониён дар Русия кору иқомат доранд.
Дар маҷмуъ тибқи иттилои мақомоти марзбонии Русия теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар тайи 6 моҳи аввали соли равон 1,5 дарсад афзоиш ёфта, 14 миллиону 912 ҳазор нафарро ташкил додааст.