ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Тибқи иттилоияи Вазорати умури хориҷӣ сафари расмӣ 20-22 августи соли 2018 сурат мегирад.
Дар доираи сафар мулоқот бо роҳбарияти олии Тоҷикистон дар назар аст.
Ба муносибати сафари Рам Натх Ковинд намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон дар Тоҷикистон баргузор мешавад, ки ҳадаф аз он тақвият бахшидани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни ду кишвар арзёбӣ шудааст.