Сӣ сол дар саҳна: Парвиз Назаров барои консертҳои идона ба Тоҷикистон омад

Обуна шудан
Парвиз Назаров, сарояндаи машҳури тоҷик 30 солагии фаъолияти эҷодии худро дар Тоҷикистон бо баргузории силсилаконсертҳо таҷлил мекунад

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Парвиз Назаров, сарояндаи маъруфи тоҷик, таҷлили 30-солагии фаъолияти эҷодияшро дар саҳна бо силсилаи консертҳо дар Тоҷикистон ҷамъбаст мекунад.

Назаров, ки аз соли 1987, аз синни 16-солагияш дар саҳна овозхонӣ мекунад, 18-19 август дар доираи Ҷашнвораи тобистонаи Душанбе ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Парвиз Назаров, дар саҳифаи фейсбукияш дар хитоб ба мухлисон пайём гузоштааст, ки 18-19 август соати 18:00 дар "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе вомехӯрем.

 

Дар назар аст, ки баъди иштирок дар Ҷашнвораи тобистонаи Душанбе, Парвиз Назаров дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб низ ҳунарнамоӣ кунад.

 

Лентаи хабарҳо
0