Созиш барои фурӯши худравҳои Қазоқистон аз сӯи "Азия Групп" дар Тоҷикистон

© Фото : Пресс-служба AllurGroupАвтомобили JAC казахстанской сборки, архивное фото
Автомобили JAC казахстанской сборки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкати "Азия Групп" намояндаи расмӣ ва масъули фурӯши худравҳои JAC-и Қазоқистон дар Тоҷикистон шудааст

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Ширкати давлатии тавлидкунандаи худравҳои Қазоқистон барои фурӯш ва хидматрасонии маҳсулоташ дар Тоҷикистон бо ширкати "Холдинги Азия Групп Тоҷикистон" шартнома бастааст.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти корхонаи "СарыаркаАвтоПром", шартномаи мазкур дар доираи Шӯрои тоҷирони Тоҷикистону Қазоқистон дар Душанбе имзо гардид.

"Бузургтарин тавлидкунандаи худрав дар Қазоқистон, ширкати давлатии "Аллюр" бо ширкати "Холдинги Азия Групп Тоҷикистон" шартнома дар бораи пешниҳоди ваколатҳои фурӯш ва паҳни мошинҳои навъи JAC дар қаламрави Тоҷикистонро ба имзо расонд", — таъкид кардааст манбаъ.

Пештар фурӯши худравҳои қазоқистонӣ тавассути ширкати миёнарав — ширкати суғуртавии "KazakhExport" сурат мегирифт.

"Мо умедворем, ки иқдоми мазкур на танҳо содироти маҳсулоти корхонаро ба Тоҷикистон афзоиш медиҳад, балки минбаъд харидорони худравҳои JAC барои хизматрасонии худрав кафолат мегиранд", — гуфт манбаъ.

Дар оянда ширкати Қазоқистони тасмим гирифтааст содироти худравҳои худро ба Тоҷикистон ба маротиб афзоиш диҳад. 

Лентаи хабарҳо
0