Таҳдиди сокини Деваштич ба маъшуқааш: пул деҳ, ё навори урёнатро паҳн мекунам

CC0 / Pexels / Влюбленная пара, архивное фото
Влюбленная пара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошт марди 33-сола, сокини ноҳияи Деваштич хабар дод, ки дар тамаъҷӯӣ бо роҳи таҳдид муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВУД, боздоштшуда бо зани 21-сола, сокини дигари ноҳияи Деваштич муносибати ошиқона доштааст.

"Сипас бо таҳдиди он, ки навори ҳолати урёни ҷавонзанро дар шабакаи интернетӣ паҳн мекунад, аз ӯ маблағи 5000 сомонӣ талаб намудааст", — омадааст дар иттилоияи ВУД.

Манбаъ афзуд, ки 14-уми августи соли 2018, марди муттаҳам ҳангоми гирифтани 4 ҳазор сомонӣ аз зани мазкур дар ҳудуди беморхонаи ноҳияи Деваштич дастгир гардида, далели шайъӣ аз ӯ гирифта шуд.

"Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 250 қ-1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад", — изҳор доштааст ВУД.

Лентаи хабарҳо
0