Ҳайати ҳунармандони Тоҷикистон вориди Узбакистон шуданд

© Sputnik / © Sputnik / Стас ЭтвешОфициальный прием в национальном парке Вахдат по случаю ярмарки СУГД-2018
Официальный прием в национальном парке Вахдат по случаю ярмарки СУГД-2018 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз 170 ҳунармандони Тоҷикистон, дар чор автобус аз Душанбе ба шаҳри Хуҷанд рафта, аз он ҷо тавассути гузаргоҳи сарҳадии Ойбек ба шаҳри Тошканд равон шуданд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Имрӯз ҳайати ҳунармандони Тоҷикистон, ки дар чаҳорчӯби сафари давлатии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон ҳунарнамоӣ мекунанд, вориди шаҳри Тошканд шуданд, иттилоъ додааст вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ ба ҳайати Тоҷикистон 170 нафар ҳунармандони саршиноси кишвар шомиланд.

"Аз ҷумла, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, Саидқул Билолов, Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, сарояндагони ҷавону шинохтаи мамлакат, роҳбари бадеии ансамбли эстрадии «Ориё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ Муҳаммадрофӣ Кароматулло, Таҳмина Ниёзова ва дигарон шомиланд", — иттилоъ додааст манбаъ.


Барномаи «Шоми дӯстӣ» 17 август дар Кохи «Узбакистон»-и Тошканд сурат мегирад.

Лозим ба ёдоварист, консерти «Шоми дӯстӣ» бори аввал дар чаҳорчӯби нахустин сафари давлатии раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев моҳи марти соли ҷорӣ дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистону Узбакистон баргузор шуда буд. 

Лентаи хабарҳо
0