Абдуллозода аз донишҷӯёни тоҷик дар хориҷ хост, баъди хатм ба Ватан баргарданд

© SputnikАхтам Абдуллозода
Ахтам Абдуллозода - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо донишҷӯёне, ки дар Федератсияи Русия, Украина, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Британияи Кабир, Молдова ва Малайзия таҳсил мекунанд, мулоқот баргузор намуд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, таъкид кардааст, ки ҳоло дар хориҷ аз кишвар беш аз 30 ҳазор ҷавони тоҷик таҳсил мекунанд.

«Сиёсати дарҳои кушод барои ҳар як ҷавон имконият фароҳам овардааст, ки ба донишкадаву донишгоҳи Тоҷикистон ё давлатҳои хориҷа озодона дохил шаванд", — изҳор доштааст ӯ.

Вай таъкид намудааст, ки ҷавонон баъд аз хатми донишгоҳ дар хориҷ аз кишвар метавонанд, дубора ба Ватан баргарданд ва ба фаъолияти меҳнатӣ пардозад.

Вай гуфт ҳоло шумораи ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил менамояд беш 30 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд.

Инчунин Аҳтам Абдуллозода гуфт, ки дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 39 муассисаи таҳсилоти олӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо беш аз 190 ҳазор ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0