Мурофиаи Ҳабибуллоев, қотили ҳамсару кӯдак: ӯ мегӯяд, занаш шабгардӣ мекард (НАВОР)

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкИркутск, архивное фото
Иркутск, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи вилояти Иркутск имрӯз, 15-уми август, нахустин мурофиаи додгоҳии Файзиддн Ҳабибуллоев, муттаҳам дар қатли кӯдаку ҳамсарашро баргузор кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Тибқи навори мурофиаи нахустини додгоҳ, Ҳабибуллоев изҳор медорад, ки собиқ ҳамсараш шабгардию арақхӯрӣ мекардааст. Ӯ мегӯяд, ҳар боре, ки дар шаҳр набудааст, ҳамсараш кӯдакро партофта шабгардӣ мекардааст ва шаби 7 ба 8-уми марти соли равонро мисол овард.

Ӯ гуноҳашро қисман эътироф карда, изҳор доштааст, ки дар лаҳзаи содир кардани ҷиноят пайомади ин амалашро дарк намекард.

Аммо Рима Новогородская, айбдоркунандаи давлатӣ мегӯяд, Ҳабибуллоев барқасдона зану кӯдакашро бо корд куштааст то озору дарди бештар расонад.

Иркутск, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Занги рашкбарангез: чаро ҷавони тоҷик зану кӯдакашро куштаст? (ВИДЕО)

Хушдомани Ҳабибуллоев дар мурофиаи нахустин алайҳи ӯ шоҳидӣ дода, изҳор доштааст, ки барои шавҳар шуда, духтараш дини ӯро қабул кард. Ба гуфтаи ӯ ҳар боре, ки духтарашро таъриф мекард, шавҳараш мухолиф мебаромад ва изҳор медошт, ки ӯро набояд таъриф кард. Ҳабибуллоев ба хушдоманаш ҳушдор додааст, ки ба корҳои хонаводагии онҳо дахолат накунад, чун духтараш дигар ба шавҳар тааллуқ дорад.

Ҳодисаи куштор 13 марти соли равон дар шаҳри Иркутск рух дода буд.

Ба иттилои мақомоти Русия, бегоҳи 13 март ба полис як сокини шаҳри Иркутск муроҷиат карда, хабар додааст, ки дар манзилаш ҷасади зан ва кӯдаки хурдсолеро пайдо кард.

Тафтишот муайян кардааст, ки муҳоҷири 26-сола аз Тоҷикстон ҳамсари худро ба хиёнат муттаҳам карда, зани 21-сола ва  фарзанди хурдсолашро бо зарби корд куштаст. Ба гуфтаи муттаҳам ба ҳамсараш нафаре занг задааст ва ӯ даст ба хиёнат задааст.

Дар пайи ҷиноят гумонбар қасди фирор ба Тоҷикистон кардааст, аммо боздошт гардидааст.

Навори боздошти муттаҳам:

 

 

Лентаи хабарҳо
0