"Kiki Challenge"-и ҷавонони тоҷик баъди Юлдуз: ба ҷои мошин дари дуздида (НАВОР)

Обуна шудан
Гуруҳи ҷавонони тоҷик флешмоби машҳур, зери унвони "Kiki Challenge" - ро пайравӣ карда, онро бо шеваи махсус сабт кардаанд

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Kiki Challenge, флешмоби машҳур аст, ки дар он ронанда чанбараки мошини ҳаракаткунандаро раҳо карда, дар берун таҳти суруди "In My Feelings"-и Дрейк рақс мекунад. Иштирокчии флешмоб бояд баробари мошин ҳаракат кунад ва саривақт тавонад пушти чанбари мошин баргардад.  

Дар Kiki Challenge, ки ҷавонони тоҷик сабт кардаанд, як нафар дар пасманзари дари ҳаракаткунандаи мошин рақс мекунад. Аммо баногоҳ наворбардор каме дур мешавад ва маълум мегардад, ки ҷавон бидуни мошин дар пасманзари як дар, ки он ҳам аз як мошини мусофирбар дуздида шудааст, "Kiki Challenge" карда истодааст.

Қаблан дар интернет навори Юлдуз Усмонова, овозхони маъруфи Узбакистон роҳ ёфта буд, ки дар пайравӣ ба ин флешмоб сабт шудааст.

 

Лентаи хабарҳо
0