Рӯйхати ҳунармандоне, ки бо раисҷумҳур ба Узбакистон мераванд, маълум шуд

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаПевцы Джурабек Муродов и Шерали Джураев
Певцы Джурабек Муродов и Шерали Джураев - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Онҳо бо роҳбарии муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Ибодулло Машрабов имрӯз ба Тошканд сафар карданд. Дар рӯйхате, ки Вазорати фарҳанг пешниҳод кардааст, исми панҷ ҳунарманди маъруфро метавон пайдо кард

ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод, ки имрӯз ҳайъати ҳунарии Тоҷикистон, ки дар ҳошияи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Узбакистон ҳунарнамоӣ мекунанд, ба Тошканд сафар карданд.

Бино бар иттилои манбаъ, ин ҳайъат бо роҳбарии муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Ибодулло Машрабов  аз 170 нафар иборат аст. Вазорат исми панҷ нафари онҳоро зикр кардааст, ки онҳо  Давлатманд Холов, Адҳам Холиқов, Саидқул Билолов, Таҳмина Ниёзова, Муҳаммадрафӣ Кароматулло мебошанд.

Гуфта мешавад, барномаи "Шоми дӯстӣ" 17 август дар Кохи "Узбекистон"-и Тошканд сурат мегирад.

 "Ҳайъати ҳунарӣ ба шаҳри Хуҷанд рафта, аз он ҷо тавассути гузаргоҳи сарҳадии Ойбек ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон раҳсипор мешаванд", — афзудааст манбаъ.

Ёдрас мешавем, "Шоми дӯстӣ" барномае буд, ки бори аввал дар ҳошияи сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев моҳи март дар Душанбе бо ширкати шумораи зиёди ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбакистон баргузор шуд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимои ҳамсароӣ "Замон —замони мост"-и Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраевро хело хуш пазируфта, яке аз беҳтарин баромадҳои ин барнома номида буданд. Аммо бино бар  рӯйхати пешниҳодкардаи  Вазорати фарҳанг исми ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ин дафъа дар рӯйхати ҳайъати Тоҷикистон дида намешавад.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки рӯзи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон маълум шуд. Кишвардори Тоҷикистон 17 август бо сафири дурӯза вориди Тошканд мешавад.

Лентаи хабарҳо
0