ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Кормандони пулиси Русия дар шаҳри Санкт-Петербург марди 35-солаи тоҷикро, ба иттиҳоми таҷовузи духтари 15-сола дастгир кардаанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Санкт-Петербург иттилоъ медиҳанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҷиноят дар кӯчаи Партизан Германи ноҳияи Красноселски шаҳри Петербург сурат гирифтааст.
"Муттаҳам ба номуси духтари 15-сола дар истгоҳи ҳипермаркете дастдарозӣ кардааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Васии духтарак, зани 65-сола ба полис хабар додааст, ки набераашро таҷовуз кардаанд.
Кормандони полус дар пайи чораҳои бозҷӯӣ шаҳрванди 35-солаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми даст доштан дар ин ҳодисаи нангин боздошт карданд.
Мақомот бидуни ифшои номи ин шаҳрванди Тоҷикистон гуфтаанд, ки ӯ дар ҷое кор намекард ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Тафтишот идома дорад.