ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз марги як ҷавони сокини ноҳияи Ёвон хабар додааст, ки беэҳтиётиаш дучори садама гаштааст.
Бино бар иттилои манбаъ, Саймуддин Зиёеви 22-сола ҳангоми ҳаракати худрави тамғаи "Мерседес Бенс" дар шоҳроҳи Ёвон-Ваҳдат ба замин афтода, ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, худравро бародараш Асомиддин Зиёеви 21-сола идора мекард ва Саймуддин дар пеши мошин менишаст.
Тавре ВУД тавзеҳ додааст, ҷавон ҳангоми ҳаракати худрав танаи худро берун карда, дар натиҷа ба замин афтодааст.
Зиёев ҷароҳати вазнин бардошта, дар натиҷа дар беморхона ба ҳалокат мерасад. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.