Меҳмони нави Хушбахт Қурбонмамадов ва сафари варзишкор ба Помир

© Фото : Instagram / khush_judo1993Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото
Хушбахт Курбонмахмадов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишкор дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо изҳори хушнудӣ ба мухлисонаш хабар додааст,ки соҳиби писар шуд. Ӯ дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ӯро дар пеш қувваозмоӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи дзюдо интизор аст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Варзишкори номии тоҷик Хушбахт Қурбонмамадов, ки тайи чанд соли ахир муқими Амрикост дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, соҳиби фарзанд шуд. Аввалин писари варзишкори риштаи ҷудо дар таваллудхонаи вилоятии шаҳри Хоруғ ба дунё омадааст.

Хушбахт дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон аз таваллуди аввалин писар изҳори хурсандӣ кард ва гуфт, ки номи фарзандашро Алӣ гузоштааст.

"Писарчаам 11 август бо вазни 3, 800 кг ба дунё омад. Хело хушбахтам", — афзуд вай.

Тавре Қурбонмамадов ёдрас шуд, ҷаҳонпаҳлавон ҳоло ба қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки моҳи октябр дар Руминия баргузор мешшавад,  омодагӣ мебинад.

Ба гуфтаи вай, ӯ барои тамрин  ба Тоҷикистон, ба ВМКБ омадааст.

"Барои омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон ба Помир омадаам. Мураббии ман падарам ва Боймамадов Раҳматшо ҳастанд. Мақсад дорам, дар қаҳрамонӣ бо вазни 68 кг баромад кунам", — гуфт вай.

Ёдрас мешавем, ин варзишкори тоҷик борҳо дар сабқатҳои байналмилаливу дохилӣ дар Амрико аз номи Тоҷикистон баромад карда, пирӯз шудааст.

Чуноне ки моҳи феврали соли равон хабар дода шуд, ки Хушбахт Қурбонмамадов дар Амрико 25-умин дастовардашро гирифт. Ӯ дар мусобиқаи байнулмилаллии Бостон ба номи Ҷим Педро дар риштаи ҷудо, беш аз 350 варзишкор аз манотиқи гуногуни ҷаҳон аз ҷумла Канада, Австралия, Амрико, Гурҷистоншикаст дода, соҳиби медали тилло шуд.

Лентаи хабарҳо
0