Сел "ҷип"-и сокини Душанберо бо мусофиронаш зер кард (ВИДЕО)

Обуна шудан
Селоб дар деҳаи Аскали ноҳияи Алайи вилояти Ош худрави сокини Душанберо бо мусофиронаш, ки шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, зер кардааст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Тавре  Sputnik Қирғизистон аз қавли мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар хабар медиҳад, ҳодиса 12 август,  тақрибан соати 17:00 дар роҳи Ош-Саритош-Эркешим рух додааст.  Сокини Душанбе бо мошинаш талош кардааст, селобро убур кунад, аммо об мошинро бо саворонаш бурдаст.

Sputnik Қирғизистон инчунин навори ҳодисаро, ки аз ҷониби шоҳидон сабт шудааст, нашр кардаст.  Мақомоти қирғиз гуфтаанд, ягон нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидааст ва мошинро низ аз об берун кардаанд. Роҳ тоза карда шуда, ҳаракат дар ин масир соати 23:00 аз сар гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0