Картошкапарварӣ болои санг: "ихтироъ"-и кишоварзи тоҷик куҳистонро картошказор мекунад?

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкСбор урожая картофеля. Архивное фото
Сбор урожая картофеля. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Абдусалом Абдураҳимов, кишоварз аз деҳаи Саркенҷаи ноҳияи Лахш муътақид аст, ки усули пешгирифтаи картошкапарварияш имкон медиҳад, ки сангзорҳои кишвар ба картошказор табдил дода шаванд

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Кишоварзи тоҷик дар як майдон, 740 халта хоки тозаро  паҳлуи ҳам гузошта, дар ҳар кадоми онҳо се дона картошкаро аз тухмиҳои гуногун  шинондааст.  Киштзори Абдураҳимов феълан нашъунамо дорад ва ӯ муътақид аст, ки аз ҳар халта 12 килограмм ва аз майдони умумӣ 8 тонна картошка хоҳад гирифт.

Эмомали Рахмон и яблоки - Sputnik Тоҷикистон
Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон аз кам шудани кишти картошка ва пахта дар ноҳияи Бохтар

Картошкапарварони ноҳияи Лахш аз ин шева таъриф кардаанд, ки  ин усули зироаткорӣ қувваи кории камро талаб менамояд ва барои он фаъолияти техникаҳои кишоварзӣ тамоман лозим намеояд. Обёрӣ тариқи дастӣ сурат мегирад.

Боқтурбек Ғаниев, раиси ҷамоати Муксуи ноҳияи Лахш дар суҳбат бо рӯзномаи "Ҷумҳурият"  изҳор доштааст, ки барои ин шеваи зироаткорӣ замини кишоварзӣ даркор нест.

"Фақат хоки тозаи кӯҳистонро дар халтаҳо дар майдони муайян ҷамъ овардан зарур аст. Барои парвариши картошка бо ин тарз замини кишоварзӣ даркор нест. Онро дар заминҳои санглоху соҳили рӯду дарёҳо ба роҳ мондан имкон дорад. Ин амал дар шароити камзаминӣ  бисёр муҳим ва самарабахш мебошад" — изҳор доштааст Ғаниев.

Лентаи хабарҳо
0