Кумита: иртибот бо куҳнавардон дар Лахш барқарор шуд

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие десантируются с вертолета Ми-8АМТШ. Архивное фото
Военнослужащие десантируются с вертолета Ми-8АМТШ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар айни замон иртибот бо кӯҳнавардон дар Лахш барқарор шудааст

ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik.Тибқи иттилои дафтари матбуоти ин ниҳод макони феълии онҳо дақиқ карда мешавад.

"Дар наздиктарин фурсат ба минтақаи офат аз фурудгоҳи Лахш чархболҳо бо кормандони наҷот парвоз хоҳанд кард", —изҳор дошт манбаъ. 

Манбаъ таъкид намуд, ки аз ҷузъиёти корҳои наҷотдиҳӣ  хабари расмӣ интишор мешавад.

Пик Исмоила Сомони, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Кумита: кофтукоби чархболи суқуткарда бо 16 нафар идома дорад

Масъулини Кумита инчунин изҳор доштанд, ки ҳайати куҳнавардон ва халабонҳо зинда мебошанд.

Дар ҳамин ҳол шабакаи Mash хабар додааст, ҳайати куҳнавардоне, ки бо чархбол дар ноҳияи Лахш ба садама дучор шудаанд, шаҳрвандони Русия ва як нафарӣ аз Белорусия ва Испания будаанд

Ба иттилои ин манбаъ ҳайати сенафарии халабонҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Mash  иттилоъ додааст, ки дар маҷмуъ ба ҳайат 15 куҳнавард ва се халабон шомил будаанд.  Ин манбаъ афзудааст, ки то ҳол танҳо ҳалокати як нафар тасдиқ шудааст. Аммо расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба манобеи худ иттилоъ дода буданд, ки дар ин садама ягон кас аз куҳнавардону халабонҳо ҷон ба саломат набурдааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳалокати куҳнавардонро рад намуданд.

Ба иттилои Mash дар ҳайати куҳнавардон, ки дар фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ иштирок кардаанд, 15 нафар шомил будаанд, ки 13 нафар шаҳрванди Русия ва як нафарӣ аз Белорусия ва Испания будаанд.  

1. Дубина Виктор, 1952

2. Барабанов Тимур, 1986

3. Абросимов Александр, 1971

4. Шихов Николай, 1958

5. Миронов Сергей, 1964

6. Андрей Родыген, 1980

7. Сергей Матвеев, 1977

8. Руслан Тараканов, 1976,

9. Соболенко Александр, 1970

10. Дмитрий Кумшаев, 1964

11. Горбатюк Татьяна, 1969

12. Труш Вячеслав, 1974

13. Роберто Родриго, 1969

14. Шубин Павел, 1965

15. Фейгина Юлия, 1976

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд,  садама 12 август соати 16:30, ҳангоми интиқоли 13 куҳнавард ба қароргоҳашон дар поёноби пиряхи Фортамбек рух додааст.

"Чархбол, ки ҳомили 3 халабону 13 куҳнавард будааст, нишасти изтирории сахт анҷом додааст",- иттилоъ дод КҲФ.

Тибқи иттилои КҲФ, чархбол шоми 12-уми август ба куҳ бархӯрда, тамос бо он қатъ шуда буд.

"Ба маҳалли ҳодиса то ҳол се чархбол равона шуданд. Корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд",-омадааст дар иттилоияи КҲФ.

Лентаи хабарҳо
0