Ба Эмомалӣ Раҳмон дар Озарбойҷон унвон доданд

© Дафари матбуотии раисҷумҳури ТоҷикистонКишвардори Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо унвони нав сазовор шуд
Кишвардори Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо унвони нав сазовор шуд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони “Доктори фахрӣ” - и Академияи дипломатии Озарбойҷон сарфароз гардид

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik.Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар Озарбойҷон бо унвони "Доктори фахрӣ" — и Академияи дипломатии Озарбойҷон сарфароз гардониданд. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳур иттилоъ медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳур имрӯз дар ҷамъамади тантанавие дар Академияи дипломатии Озарбойҷон ба ин унвони нав соҳиб гардид.

"Ректори академия Ҳафиз Пашаев ба Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми назаррас, талошҳову ташаббусҳо дар таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон, таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон ва рушди робитаҳои илмии муассисаҳои олии таълимии ду кишвар Унвони Олии "Доктори фахрӣ"- и Академияи дипломатии Озарбойҷонро тақдим намуд", — менависад манбаъ.

Кишвардори Тоҷикистон дар дар назди устодону донишҷӯён суханронӣ карда, барои пазироии самимӣ ва аз ҷониби Шӯрои илмии Академия бо унвони олии "Доктори фахрӣ" қардшиносӣ гардидан, изҳори сипос кардааст.

Лентаи хабарҳо
0