Шикоят: корманди барқ барои кӯчонидани як симчӯб 5000 сомонӣ талаб кард

© Фото : PixabayТелефонный столб с проводами.
Телефонный столб с проводами. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Корманди шабакаи барқро, ки барои кӯчонидани як симчӯб аз сокини ноҳияи Вахш 5000 сомонӣ талаб кард, дастгир карда, нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд

ДУШАНБЕ, 11 авг — Sputnik. Як сокини ноҳияи Вахш ба Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон аризаи шикоятӣ навиштааст, ки аз вай кормандони шабакаи барқи ноҳияи Вахш барои кӯчондани як симчӯб аз қитъаи заминаш 5000 сомонӣ пора талаб карданд.

Бино бар иттилои дафтари матбуотии ожонс, ин мард аз корманди шабакаи барқи ноҳия Баҳром Асоев ном бурда, гуфтааст, ки ӯ барои кӯч додани симчӯб аз замини наздиҳавлигиаш ба шабакаи барқи Вахш муроҷиат карда буд.

 "Асоев Баҳром Амонович чораҳои қонуни андешида шавад зеро номбурда, бо истифода аз мақоми хизматй ва бо роҳи суиистифодаи боварй аз ӯ барои аз қитъаи замимни наздиҳавлигиаш, воқеъ дар суроғаи н.Вахш, Ҷамоати деҳоти Рудакӣ кучонидани симчуби дорои ноқилҳои барқии 6000 кв маблағи 5000 сомони талаб карда истодааст, — омадааст дар аризаи шикоятӣ.

12 июл раёсати ожонс дар вилояти Хатлон Асоев Баҳромро ҳангоми гирифтани 5000 сомонӣ боздошт намуда, нисбаташ бо моддаи 247 қисми 3 банди "а"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Лентаи хабарҳо
0