Дувоздаҳ кӯҳнаварди эстонӣ мехоҳад баландкӯҳҳои Помирро фатҳ кунанд.
Онҳо 7 август ба воситаи Стамбул ба Бишкек ва сипас ба Ӯш парвоз карданд.
Қуллаи Эстония дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ҷой гирифтааст.
"Ман бори севвум ба он ҷо меравам. Бори охир ҳамватанони мо 28 сол пештар ба қуллаи эстония баромада буданд", — гуфт роҳбари гурӯҳ Райво Плумер.
"Гумон аст, ки пас аз фатҳи ҳамватанони мо ба он қулла касе баромада бошад. Ба он водие, ки мо ҳоло равон ҳастем, кӯҳнавардон қариб ки намераванд. Зеро он дастнорас аст", — гуфт Эрм ва тавзеҳ дод, ки дар рӯ ба рӯи он ба воситаи қаторкӯҳи водии Олой, ки маъмулан дар он кӯҳнавардон дар пойгоҳи лагерие ҷамъ мешаванд, ба қуллаи Сомонӣ мераванд.