Доналд Трамп дар пайи қазияи ҳамла ба сайёҳон ба Эмомалӣ Раҳмон барқия навишт

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкПрезидент США Дональд Трамп
Президент США Дональд Трамп - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мо бояд таҳким бахшидани риштаҳои дӯстии ду халқамонро идома диҳем ва итминон дошта бошем, ки чунин ҳамла дигар такрор нахоҳад шуд, афзудаст вай.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар номае ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон аз раисҷумҳури ҶТ барои изҳори ҳамдардӣ дар қазияии ҳамлаи хунин ба гардишгарон дар Данғара изҳори сипос кардааст.Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад.

"Ман ба Шумо барои фиристодани номаи тасаллият пас аз ҳамлаи террористии бемантиқ, ки рӯзи 29 июли соли 2018 рух дод ва дар натиҷаи он ду шаҳрванди америкоӣ ва ду бегуноҳи дигар фавтиаанд, изҳорӣ сипос менамоям", — гуфта мешавад дар барқияи ҷаноби Трамп.

Дар ин нома раисҷумҳури Амрико гуфтааст, ки вокуниши Ҳукумати Тоҷикстонро дар ин қазия қадр мекунад.

"Ман вокуниши фаврии Ҳукуматро ҷиҳати дастгир намудани содиркунандагони ин ҷинояти зишт қадр мекунам. Ин ҳодиса баёнгари равшани зарурат ба ҳамкории амиқтар ва табодули маълумот байни кишварҳои мо дар оянда мебошад", — изҳор доштааст вай.

Ҳамла ба шаҳрвандони бегуноҳ ғайри қобили қабул аст ва мо бояд барои решакан кардани таҳдидҳои террористӣ нисбат ба ду халқи бузургамон якҷоя амал намоем. Маъмурияти ман барои мусоидат дар тафтиши ин ҳамлаи ваҳшиёна нисбат ба одамон ва тарзи ҳаётамон омода аст.
Мо бояд таҳким бахшидани риштаҳои дӯстии ду халқамонро идома диҳем ва итминон дошта бошем, ки чунин ҳамла дигар такрор нахоҳад шуд, афзудааст раисҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0