Сипосгузории Раҳмон аз Алиев барои пазироии гарм ва даъвати раисҷумҳур ба Тоҷикистон

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Азербайджана Ильхам Алиев и президент Таджикистана Эмомал Рахмон
Президент Азербайджана Ильхам Алиев и президент Таджикистана Эмомал Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Боку якҷо бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев изҳороти муштарак ба имзо расониданд

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиевро ба Тоҷикистон даъват кард. Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳур бо интишори изҳороти муштараки раисҷумҳурони кишварҳо дар Боку хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, раисҷумҳури Тоҷикистон аз Илҳои Алиев ва мардуми Озарбойҷон барои пазироии гарм сипосгузорӣ намуда, президентро бо сафари ҷавобӣ ба Тоҷикистон даъват кард.

"Даъват бо изҳори миннатдорӣ пазируфта шуд. Замони мушаххаси сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ мувофиқа хоҳад гардид", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Встреча президента Эмомали Рахмона с президентом Азербайджана Ильхамом Гейдаровым - Sputnik Тоҷикистон
Музокироти Раҳмон бо раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев

Ёдрас мешавем, Эмомалӣ Раҳмон 9 август бо сафари дурӯза вориди Боку шуд.

Баъд аз маросими истиқболи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон, музокироти як ба яки роҳбарони ду кишвар баргузор гардид.

Пас аз музокироти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон бо Илҳом Алиев, мулоқот дар ҳайати васеъ баргузор гардид.

Инчунин мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Наврӯз Мамедов, нахуствазири Озарбойҷон ва Огтаем Асадов, раиси Маҷлиси ин кишвар дар назар аст.

 

Дар ин сафар раисҷумҳурро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, Додситони кулл, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, телевизион ва радио, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ — фармондеҳи қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Қарор аст, зимни сафари дурӯзаи раисҷумҳур байни ду кишвар чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

Эмомалӣ Раҳмон то 11 август дар Озарбойҷон мемонад.

Лентаи хабарҳо
0