Имсол ҳоҷиёни тоҷикро шинохтан осонтар шуд: онҳо дар тан либоси ягонаи рангаш кабуд доранд.
Дар синаи ҳар як сафаркунандаи Ҳаҷ корти шиносоӣ овехта шудааст, ки дар он ному насаб, шаҳрвандӣ ва шумораи телефони онҳо навишта шудааст.
Кумитаи дин ин иқдомҳоро барои гум нашудани зоирони тоҷик ҳангоми адои ҳаҷ пешбинӣ намудааст.
Дар ҷойҳои муқаддас, ки маъмулан садҳо ҳазор мусалмон ҷамъ мешаванд, гум шудан осон аст, афзун бар ин дар ҳавои гарм ва одами бисёр зоирон метавонанд бемор шаванд. Дар чунин ҳолатҳо корти шиносоии онҳо зарур мешавад.
Дар умум имсол аз Тоҷикистон 6 ҳазор нафар равонаи Ҳаҷ шуданд.
Бори аввал зоирон дар фурудгоҳ изи ангушт супориданд.

Рӯзҳои наздик фурудгоҳи Душанбе назар ба ҳарвақта серодамтар аст. Наздикону пайвандони ҳоҷиён ба гусели онҳо баромадаанд

2/12
© © Sputnik / Амир Исаев
Ҳоҷиёнро аз либоси ягонаи онҳо ва корти шиносоиашон фарқ кардан мумкин аст

Кумитаи дин имсол барои либоси ягона матои рангаш кабудро интихоб кард

4/12
© © Sputnik / Амир Исаев
Бори аввал ҳоҷиён ҳангоми сафар ба Арабистони Саудӣ изи ангушт супориданд

5/12
© © Sputnik / Амир Исаев
Дар синаи ҳар як зоир корти шиносоӣ часпонида шудааст, ки дар он ному насаб, шумораи телефон ва шаҳрвандии ҳаҷӣ навишта шудааст

6/12
© © Sputnik / Амир Исаев
Ин иқдом барои гум накардани ҳоҷиён дар издиҳом чораҷӯӣ шудааст

Ҳангоми адои маносики ҳаҷ имкони гум шудан ё аз гурӯҳ ақиб мондан ҷой дорад. Барои ҳамин ҳоҷиёнро бо либоси ягона таъмин кардаанд

8/12
© © Sputnik / Амир Исаев
Ҳаҷ аз 25 то 30 рӯз идома меёбад

9/12
© © Sputnik / Амир Исаев
Имсол 6000 шаҳрванди Тоҷикистон равонаи Ҳаҷ шудаанд

10/12
© © Sputnik / Амир Исаев
Барои сафари Ҳаҷ имсол ҳар як ҳоҷӣ бештар аз 33,4 ҳазор сомонӣ (4 ҳазор доллар) масраф кардааст

11/12
© © Sputnik / Амир Исаев
Ҳоҷиён бо наздиконашон хайрухуш мекунанд

12/12
© © Sputnik / Амир Исаев
Роҳбарони гурӯҳро бо эълони озмун Кумитаи дин интихоб кардааст