Узрхоҳии ҷавонон аз Афсона Акобиршо барои "гаппартоӣ"-и дағалу таҳқиромез

© © из личного архива Афсона АкобиршоАфсона Акобиршо
Афсона Акобиршо - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷавононе, ки дар кӯчаи марказии Душанбе забон ба "гаппартоӣ"-и таҳқиромезу дағал сӯи Афсона Акобиршо, рӯзноманигори ҷавони тоҷик, кушодаанд, аз ӯ узр хостаанд

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Афсона Акобиршо дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, муттаҳамон аз ӯ узр хоста, ҳимоятгарашон хоҳиш намудааст, ки аз гуноҳашон гузарад. Муттаҳамон дар ҳузури ҳимоятгар изҳор доштаанд, ки дигар ҳеч гоҳ чунин муносибат нахоҳанд кард. 

Ба гуфтаи Афсона Акобиршо парванда бо иттиҳоми майдаавбошӣ алайҳи ҷавонони дағал ба додгоҳ ирсол шудааст ва бояд баррасӣ гардад. Ӯ мегӯяд, намехоҳад қазияро дар нимароҳ гузорад ва хостори ҷазои муттаҳамон мебошад. Ҷавондухтари тоҷик муътақид аст, ки ҷазои сазовори ин ҷавонон барои худи онҳо ва дигарон дарс хоҳад шуд, то минбаъд аз таҳқири духтарон дар кӯча парҳез кунанд. Барои майдаавбошӣ дар Тоҷикистон ҷарима ва барои такрори он ҳабс пешбинӣ шудааст.

Афсона Акобиршо зикр кард, ки гаппартоиҳо қаблан ҳам ҷой доштанд ва одатан онро нодида мегирад.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Рустам Эмомалӣ ба доди занон расид: дар Душанбе зидди "гаппартоӣ" гурӯҳи корӣ ташкил шуд

"Аммо 6 август, дар роҳ ба ҷои кор дар назди Кохи Ваҳдат ҷавонон хеле дағал маро таҳқир карданд ва тоқат накарда, ба мақомоти умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ шикоят бурдам. Онҳо 5 нафар,  4 ҷавон ва як нафари солхӯрда буд. Ҷавонон паиҳам таҳқир мекарданд. Фалонатро фалон мекунам мегуфтанду марди солхӯрда механдид. Аз 5 нафари ин гуруҳ,  мақомот се нафарашро пайдо кард. Вақти даъвати мақомот марди солхӯрда гуфт, ман ҳеч гап нагуфтам, танҳо хандидам.", — нақл кард Афсона.

Ба гуфтаи Афсона Акобиршо, ки нахустин шуда дар Тоҷикистон аз озори лафзӣ ва "гаппартоӣ"-и дағал ба мақомот шикоят кардааст,  ҷомеа аз талошаш барои дифоъ аз худ ҷонибдорӣ кард. Танҳо қисме аз мардум изҳор доштаанд, ки дар аксари гаппартоиҳо худи духтарҳо бо либоспӯшии хеле озодашон гунаҳкоранд.

Камера слежения, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳимояти Ҳарамгули Қодир аз "гаппартоӣ": мардонро зери фишор нагузоред

Дар ин робита Афсона Акобиршо изҳор дошт, ки дар рӯзи рух додани ин қазия пироҳани дароз ба бар дошт, вале либоси аврупоӣ набояд далели таҳқири духтарон дар хиёбонҳо гардад, чун Тоҷикистон давлати дунявию демократист.

Феълан парванда аз рӯи ин ҳодиса ба додгоҳ ирсол шудааст ва Афсона мегӯяд, ҷазои сазовор ва ибратомӯзи муттҳамонро талаб хоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки ахиран дар шаҳри Душанбе дар пайи шикояти гуруҳи занон,  бо дастури шаҳрдор Рустами Эмомалӣ, барои баррасии озори лафзии мардон нисбати занон гурӯҳи корӣ ташкил гардид.

Абдумаҷид Усмонзода, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба гурӯҳи созмондодаи шаҳр намояндагони шаҳрдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи занон, Кумитаи ҷавонон ва дигар идораҳо шомил шуданд.

Девушки на проспекте имени В.В. Путина в Грозном - Sputnik Тоҷикистон
Парлумон барои "гаппартоию забондарозӣ" дар кӯча ҷарима муқаррар кард

"Муроҷиати занонро шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ баррасӣ карда, дастур дод, ки гурӯҳи корӣ ташкил карда шавад", — гуфт сухангӯй.

Вай афзуд, минбаъд аз дурбинҳои назоратии шаҳр муносибати мардону ҷавонон нисбати духтарону занон пайгирӣ карда мешавад. Аммо ҳоло гурӯҳ чораандешӣ нисбати ин тоифа мардонро муайян накардааст.

"Пас аз омӯзиши пурраи ин масъала роҳҳои мубориза бо он муайян хоҳад шуд", — мегӯяд Усмонзода.

Маҳмадсаид Зувайдзода, муовини аввали раиси Душанбе мегӯяд, гарчанде озори лафзии мардони тоҷик нисбати занон густурда нест, гуруҳи корӣ ин масъаларо меомӯзад. Ӯ таъкид намуд, ки мардуми тоҷик масъалаҳоро зуд дарк мекунад ва ин зуҳурот низ зуд бартараф мешавад.

Лентаи хабарҳо
0