ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, 9-уми августи соли 2018, тахминан соати 18:30-дақиқа, Бандишоева Фарзия Ёрабшоевна, соли таваллудаш 1996, сокини деҳаи Миденшор ба дохили автомашинаи "Чанху" даромада, муҳаррикашро ба кор даровардааст. Ба иттилои ВУД Бандишоева аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадааст ва дар натиҷа мошин ба даруни ҳавзи об чаппа шудааст.
"Дар натиҷа мусофирони дохили автомашина, шаҳрвандон — Охонова Махфират Зубаҳировна, соли таваллудаш 1996 ва Ҷаннатшоева Азиза Маснавшоевна, соли таваллудаш 1996, сокинони ноҳияи Ишкошим дар об ғарқ шуда, ба ҳалокат расидаанд", — омадааст дар итттилоияи ВУД.
Вазорат иттилоъ додааст, ки мошини "Чанху", ба Сулаймонов Фирӯз Исломбекович, соли таваллудаш 1996, сокини деҳаи Хосаи ноҳияи Шуғнон тааллуқ доштааст ва ҳодиса ҳангоме рух додааст, ки мошин дар назди деҳаи Ёмҷ қарор доштаст.
Мақомоти умури дохилӣ таъкид намуданд, ки феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.