ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Ҳукумати вилояти Суғд, Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини сарвазири Тоҷикистон, ба вилояти Суғд сафари дурӯзаи корӣ анҷом медиҳад.
Манбаъ таъкид кардааст, ки зимни сафари дурӯзаи худ, муовини сарвазир аз ноҳияҳои Мастчоҳ, Зафаробод, Ҷаббор Расулов, Деваштич ва Ашт боздид карда, бо рафти корҳои саҳроӣ, нашъунамои пахта, кишти такрорӣ, фаъолияти пойгоҳҳои обкашӣ, таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ шинос мешавад.
Инчунин ба гуфтаи манбаъ, Маҳмадтоҳир Зокирзода, муовини сарвазир, бо масъулини соҳаи кишоварзии вилоят ва ноҳияҳои зикршуда машваратҳои корӣ баргузор намояд.