Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон сафар кард

© Фото : пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Озарбойҷон рафт

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Сарвазири Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар раисҷумҳурро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии раисҷумҳур Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, Додситони кулл, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони кумитаҳои бехатарии озуқаворӣ, телевизион ва радио, муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ — фармондеҳи қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Озарбойҷон

Қарор аст, зимни сафари дурӯзаи раисҷумҳур байни ду кишвар чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад.
Эмомалӣ Раҳмон то 11 август дар Озарбойҷон мемонад.

Пештар дафтари матбуоти раисҷумҳур гуфта буд, ки дар ин рӯзҳои сафари корӣ мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон дар назар аст. Инчунин, ҳайъати ҳамроҳи раисҷумҳур бо намояндагони Ҳукумати Озарбойҷон музокирот хоҳанд кард.

Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазир ва раиси порлумони Озарбойҷон низ мулоқот хоҳад кард. 

Лентаи хабарҳо
0