ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода бо интишори мақолае аз боздиди раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро аз нерӯгоҳи Роғун васф карда гуфтааст, ки бо рафтани президент вазъ дар сохтмони нерӯгоҳ ранги дигар мегирад.
Ин матлаби муфтии тоҷик дар саҳифаи Кумитаи умури дин ба наздикӣ мунташир шудааст.
Дар он Абдулқодирзода таъкид кардааст, ки " ояндаи босаодати ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аз ин сохтмон вобастагӣ дорад".
"Аз ин хотир, сафари Эмомалӣ Раҳмонро ба иншооти аср иқдоми нек меҳисобам, зеро аниқ медонам, ки бо рафтанираисҷумҳур вазъият ранги дигар мегирад, корҳо тезонида мешаванд ва суръати бунёдкорӣ дар ин иншооти аср афзоиш меёбад", — гуфта мешавад дар матлаби раиси шӯрои уламо.
Итминони комил дорам, ки агар чархаҳои аввалини ин неругоҳ тирамоҳи ҳамин сол ба кор дароянд, агар заррае камбудӣ дар соҳаи барқ бошад, он бартараф хоҳад шуд. Барқ дар ҳама ҷо фаровон хоҳад шуд, барқ, ки шуд, албатта, корхонаҳо низ гардон мешаванд, мардум дигар аз мушкилоти марбут ба барқ озод мегарданд, афзудааст Абдулқодирзода.
Дар анҷоми матлаб мафтии тоҷик менависад, "аз ин иқдоми роҳбари мо дар зиндагӣ ташаккур бояд гуфт".
" Чашми умеди ҳамаи мо ба сӯи Роғун аст, ба сӯи манбаи нур, Худованд ин умедҳоро иншоаллоҳ амалӣ хоҳад кард, чунки дар ин роҳ ҳамаи ниятҳо холисанд, зеро он чизе, ки ба манфиати мардум аст, Худо низ ҷонибдори он аст", — изҳори умед мекунад раиси шурои уламои Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, пештар дар охирҳои моҳи июл раисҷумҳури Тоҷикистон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи Роғун шинос гашта буд.
Дар ин боздид таъкид гардид, ки тирамоҳ аввалин чархи Роғун ба истифода дода хоҳад шуд.