Ситораи филми "Такси"-ро дар Маскав лату кӯб карданд (АКС)

© Sputnik / Екатерина ЧесноковаАктёр Сами Насери, архивное фото
Актёр Сами Насери, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманди машҳури фаронсавӣ Самӣ Носирӣ ба Sputnik дар бораи ҳодисаи лату кӯб шуданаш дар Маскав нақл кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Дар яке аз барҳои шабонаи Маскав ҳунарманди машҳури фаронсавӣ Самӣ Носириро лату кӯб кардаанд.
Даргирӣ бо ширкати ҳунарманди машҳур шаби 5-уми август рух додааст.

Ба гуфтаи Носирӣ, ӯ бо бародараш Ларбӣ дар бари "Войс" истироҳат мекард.  Онҳо дар он ҷо бо як гурӯҳ мизоҷони бар баҳс карданд, ки бо муноқиша анҷомид.

Пас аз ҷанҷол ҳунарманд ҷароҳат бардошта, дар яке аз бемористонҳо Маскав  ҷарроҳӣ шудааст.

Ба гуфтаи ҳунарманд, ҷанҷол дар сари овозхонӣ дар караоке сар задааст. Вай шикоят мекунад, ки чанд ҷавони рус, ки дар мизи дигар нишаста шароб менӯшиданд, ба вай навбат надоданд, ки суруд хонад.

"Бо гурӯҳе, ки мо баҳс кардем, роҳбарияти муассисаро хуб мешинохтааст. Пас аз баҳси тӯлронӣ ман гуфтам, ки биноро тарк мекунем. Ба берун баромадам ва бародарамро интизор шудам. Вақте ки аз зинапоя поён мефаромадем, яке аз он ҷавонон ба ман дасташро дароз кард, ки сӯҳбат кардан мехоҳад. Ман гуфтам, ки мо меравем. Он ду мард моро пайгирӣ намуда, яке аз онҳо ба бародарам дарафтод, ки дар натиҷа муноқиша сар шуд", — тавзеҳ медиҳад ҳунарманд.

Носирӣ ҳамчунин мегӯяд, ки посбони бар аз ин ҳодиса хабардор шудааст, аммо дахолат накардааст.

 

 

Ҳамин тавр, дар роҳ яке аз ҷавонон ба рӯйи Носирӣ мушти сахте задааст, ки дар натиҷа вай ҷароҳат мебардорад.

"Тамоми рӯям пур аз хун шуд. Мо ёрии таъҷилиро даъват кардем ва маро ба бемористон бурданд", — мегӯяд вай.

Кормандони пулиси Маскав ба ҷойи ҳодиса расида, муттаҳамони ба ҳунарманд ҳамлакардаро боздошт карданд. Самӣ ва бародараш ба шӯъбаи полис рафта аризаи шикоятӣ навиштаанд.

Самӣ Носирӣ дар саҳифаи Инстаграм хабар додааст, ки худро беҳтар ҳис мекунад.

Лентаи хабарҳо
0