ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, сайёҳони ҷароҳатбардошта тариқи ширкати ҳавопаймоии Turkish airlines ба Ватан расонда шуданд.
Манабаъ мегӯяд, ҷасади 4 сайёҳи кушташуда низ тариқи ин ширкати туркӣ ба Истанбул ва аз он ҷо ба зодгоҳашон фиристода шуд.
Дар натиҷаи ҳамлаи террористии 29 июл дар ноҳияи Данғара, 4 сайёҳ — Остин Ҷей, Лаурен Анне, шаҳрвандони ИМА, Воке Рен Виллем, шаҳрванди Нидерландия, Хамел Маркус, шаҳрванди Швейтсария ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар Ким Айрис ва Дименд Марӣ Клер ҷароҳат бардошта буданд.