Шавҳарро барои хондани смс-ҳои ҳамсар дар WhatsАpp ду сол зиндон карданд

CC0 / Pexels / Месенджер WhatsApp, архивное фото
Месенджер WhatsApp, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зан ба додгоҳ шикоят бурдааст, ки ҳамсари собиқаш ҳамчунин ӯро лату кӯб ва таҷовуз мекард. Зан мехостааст, ки мардро ба 78 сол аз озодӣ маҳрум кунанд

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Як сокини Испанияро барои қироати номаҳои ҳамсараш дар шабакаи иҷтимоӣ ба ду соли зиндон маҳкум карда, 3,3 ҳазор евро ҷарима кардаанд.

Додгоҳ ӯро дар ҷосусӣ нисбати ҳамсар дар WhatsАpp ва паҳн кардани маълумоти шахсии ҳамсар муҷрим шинохтааст. Дар ин бора хабаргузории El Confidencial гузориш медиҳад.

Ҳамчунин додгоҳ мардро аз ҳуқуқи наздик шудан ба ҳамсар ва сӯҳбат бо вай маҳрум кард.

Ба иттилои манбаъ, зан аз додгоҳ талаб кардааст, ки ҳамсарашро барои таҷовуз ва лату кӯб  ба мӯҳлати 78 сол зиндон кунанд. Аммо зан далели таҷовуз шуданашро аз ҷониби ҳамсар исбот карда натавонистааст.

Ба иттилои додситон, дар рафти тафтишот маълум карда шуд, ки шавҳар —соҳибкори 32-сола аз барномаи ҷосусӣ истифода намуда, навиштаҳои ҳамсарашро дар WhatsАpp пайгирӣ мекардааст.

"Шавҳар номаҳои саршор аз муҳаббати занашро бо дигар мардон аксбардорӣ карда, онро зидди ҳамсараш истифода бурдааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Додгоҳ қарор кард, ки ин корҳои мард ба зиндагии шахсии зан дахолат ҳисоб ёфта, ҳамсар дар пайи он зарари ҷиддӣ дидаааст.
Барои ҳамин нисбати мард ҳумки маҳрум кардан аз озодӣ содир шудааст.

Лентаи хабарҳо
0