Қаллобии директори мактаб: 10 ҳазор сомонӣ деҳ 800 ҳазор мегирӣ

© Sputnik / Рамиль СитдиковНаручники, архивное фото
Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон Саломат Абдулҳамидова, директори пешини мактаби рақами 21-и ноҳияи Восеъро дар қаллобӣ муттаҳам мекунанд

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Абдулҳамидова, ки ба ҳайси мудири мактаб кор мекардааст, ба сокинони минтақаи ҷануби кишвар худро масъули созмони хориҷӣ муаррифӣ карда, ба ивази маблағ ваъдаҳои бардурӯғ медодааст.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда аз Толибҷон Алиев, сокини ноҳияи Фархор 10 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки барои таъмини интиқоли об ба деҳаи Муҳоҷирободи ноҳияи Фархор аз ҳисоби созмони хориҷӣ 800 ҳазор сомонӣ ҷудо хоҳад кард.

"Аз Намозов Зайниддин, сокини дигари ноҳияи Фархор, 4400 сомонӣ гирифта, барои гармхона 70 ҳазор сомонӣ ваъда кардааст", — иттилоъ дод ВУД.

Манбаъ афзуд, ки аз соли 2015 то 2018 Абдулҳамидова бо ваъдаҳои бардурӯғ аз шаҳрвандон дар маҷмуъ 215 ҳазору 900 сомонӣ гирифтааст. Феълан тафтиши парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи боздоштшуда идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0