ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ширкати "Тоҷик Эйр", нархи чиптаи парвоз дар самти Душанбе-Самарқанд 300 сомонӣ муқаррар шудааст.
"Парвоз дар хатсайри Душанбе-Самарқанд бо ҳавопаймои Boeing 737-300 сурат мегирад. Вақти парвоз аз Душанбе ба Самарқанд 35 дақиқаро ташкил дода, нархи чипта ҳамагӣ 300 сомонӣ муқаррар шудааст", — таъкид кардааст манбаъ.
Лозим ба ёдоварист, ки қаблан чиптаи ҳавопаймо барои хатсайри Душанбе-Самарқанд ба маблағи 650 сомонӣ фурӯхта мешуд.
"Тоҷик Эйр" сабаби арзон кардани нархи чиптаро, иқдом ба муносибати соли сайёҳӣ эълон карда, изҳор доштааст, ки ҳадаф зиёд намудани рафтуомади сайёҳон мебошад.