Падари Ҳувайдо: то қотилро ҳабси абад надиҳанд, дили мо қарор намегирад

© Фото : Рахматова Зулфия Мать и отец Хувайды
Мать и отец Хувайды - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳувайдо аввалин фаразанди мо буд. Ӯ тифли бегуноҳ буд. Ягона мақсади мо - ҳукми ҳабси абади қотили фарзандамон аст. Умед дорам, ки додситонон моро чун падару модар мефаҳманд ва ба қотил ҷазои сазовор медиҳанд

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдои хурдсол, ки дар Русия фоҷеабор кушта шуд, мегӯяд, ягона умед ва дархосташ аз мақомоти Русия — ҷазои сангин ба қотили фарзандаш аст.

Саидов имрӯз, 3 август дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, айни ҳол дар ватан қарор дорад ва фарзанди маъюбашро табобат мекунад.

Вай хабари Анна Левченкоро дар бораи кӯмаки молии ихтиёриён аз Русия ба хонаводаи Саидов таъйид кард ва гуфт, аз ҳар як муҳоҷир ва сокинони Русия, ки ба тақдири ӯ ва фарзандонаш бетераф нестанд, миннатдор аст.

"Ба мо кӯмаки бисёр расид. Хоҳ аз Тоҷикистон, хоҳ аз Русия мардум моро дастгирии молӣ карданд. Ман ба ҳамаи онҳо изҳори миннатдорӣ мекунам", — афзуд вай.

Таджикистанцы оказали помощь семье Хувайды - Sputnik Тоҷикистон
Мардуми Тоҷикистон ба волидони Ҳувайдо кӯмаки молӣ расониданд

Падари Ҳувайдо нақша дорад, ки барои ширкат дар мурофиаҳои додгоҳӣ ба Русия сафар кунад.

"Худо хоҳад, барои огоҳ шудан аз он ки ба қотили фарзандам ҷазо медиҳанд, ба Русия меравам. Айни замон вакиламон Михаил Мушаилов, ки ройгон хизмат мерасонад, аз рафти тафтишот маро огоҳ карда истодааст", — гуфт вай.

Вай дар посух ба суоли вазъи саломатии модари Ҳувайдо — Нигина Саидова  гуфт, "вазъи саломатиаш ҳоло беҳтар шудааст ва агар имкон шавад ҳамроҳ зану фарзандонашро ба Русия меорад".

Ёдрас мешавем, пештар холаи Ҳувайдо аз бемории Нигина Саидова хабар дода буд.

Дар анҷом Абдусалом Саидов аз  Ҳувайдои ҷавонмарг бо изҳори андуҳ ёдовар шуда гуфт, ки умед дорад, додситонҳо ӯро чун падар мефаҳманд ва барои қотил ҷазои сангин медиҳанд.

"Ӯ тифли аввалини мо буд. Ягона мақсади мо — ҳукми ҳабси абади қотили фарзандамон аст. Умед дорам, ки додситонон моро чун падару модар мефаҳманд ва ба қотил ҷазои сазовор медиҳанд", — гуфт вай.

Ёдрас мешавем, пештар аз ҳодисаи фоҷиабор кушта шудани духтари панҷсолаи тоҷик — Ҳувайдо дар шаҳри Серпухови вилояти Маскав хабар дода шуд.

ВУД Русия бо далели куштори Ҳувайдо парвандаи ҷиноӣ боз кард. Александр Сёмин — муттаҳами асосӣ дар куштори духтарак аст. Тафтишот идома дорад ва Сёмин ба мӯҳлати ду моҳ дар ҳабси пешакӣ аст.

Чанде пеш ВУХ Тоҷикистон ба Русия ёддошт равон карда, аз мақомоти Русия даъват намудааст, то тафтиши комили ҷинояти ваҳшиёна, ки нисбати ин тифл содир гардидааст, анҷом ёбад.

Сенатори рус Елена Мизулина аз додситои кулли Русия хоҳиш дорад, ки қазияро зери назорати худ бигирад.

Лентаи хабарҳо
0