ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Дар Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки чанд рӯз пеш аз маҳбас фирор карда буд, боздошт карданд.
Бино бар иттилои расонаҳои Русия, Рӯзибек Ғафуровро, ки 30 июл дар муассисаи ислоҳии № 59 дар Каменск-Уралск фирораш ошкор шуд, шоми 2 август боздошт кардаанд.
"Ғафуров ҳангоми боздошт муқобилият нишон надодааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
© Пресс-служба ГУФСИН по Свердловской областиБеглец Рузибек Авазбекович Гафуров в розыске
Беглец Рузибек Авазбекович Гафуров в розыске
© Пресс-служба ГУФСИН по Свердловской области
Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардааст, 38 сол дошта, ба ҷурми дуздӣ ба 8 моҳ равонаи зиндон гардидааст.