Тоҷикистон “Внешэкономбанк” ва “Газпром Интернешнл”-ро барои сармоягузорӣ даъват намуд

© Министерство иностранных дел РТ Встреча Имомуддина Сатторова посла Таджикистана в России с главой "Внешэкономбанка" Игорем Шуваловым
Встреча Имомуддина Сатторова посла Таджикистана в России с главой Внешэкономбанка Игорем Шуваловым - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сафири фавқуллода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов зимни мулоқоташ бо Игор Шувалов роҳбари “Внешэкономбанк” ва Андрей Фиков раиси ширкати Gazprom EP International B.V дар бораи дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин ду ширкати бонуфузи Русия мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Имомуддин Сатторов, Сафири Тоҷикистон дар Русия, зимни мулоқот бо Игор Шувалов, роҳбари "Бонки рушд ва фаъолияти иқтисоди хориҷӣ" (Внешэкономбанк) масалаи имконияти маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Инчунин тарафҳо зимни мулоқот, масоили дурнамои ҳамкориҳо, таъсиси бахши қарздиҳӣ барои ширкатҳои тоҷикистонӣ ва ҳамчунин, ҷалби технологияҳо ва сармоя ба иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ кардан.

Дар ҳамин ҳол, Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия зимни мулоқот бо раиси ширкати "Gazprom EP International B.V." Андрей Фиков, масоили марбут ба фаъолияти ширкати Газпром дар Тоҷикистон ва дурнамои саҳми минбаъдаи ин ширкат дар лоиҳаҳои сармоягузории кишвар баррасӣ шуд. 

Лентаи хабарҳо
0