Шуманов: Пурзӯр намудани қавонин барои порахурон дар Тоҷикистон натиҷа намедиҳад

© © из личного архива Ильи ШумановаИлья Шуманов
Илья Шуманов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чораҳои сахтгирӣ бар зиди порахурон фасодкориро дар Тоҷикистон нобуд намесозад, мегуяд коршиноси рус Иля Шуманов.

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Ба гуфтаи Иля Шуманов коршиноси созмони "Трансперенси Интернешна Русия" пурзӯр намудани қавонин нисбати фасодкорон, мушкилоти коррупсиро дар Тоҷикистон решакан намекунад.

"Тоҷикистон роҳи пурзӯр намудани қавонинро интихоб кардааст. Ин қамчинест, ки аз он мақомот дар сурати ба кор нарафтани дигар усулҳои мубориза бо фасод ба моананди ҷарима ва ҷазои маъмурӣ,истифода мекунад. Мушкил сари он аст, ки чунин таҷриба дар бештари кишварҳои дунё роҳандозӣ шуда буд, аммо натиҷае надод. Одамон мисли пешина ришва мегирифтанд. Мушоҳидаҳо нишон дод, ки пас аз пурзӯр намудани қавонин ришваситонҳо маблағи пораро ду баробар зиёд мекунанд", — таъкид кард коршинос.

Ахиран ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон тасмим гирифтанд ба кодекси ҷиноятӣ тағйиру иловаҳо ворид намоянд. Тибқи тағйиру иловаҳо шахсоне, ки ба ришваситонӣ муттаҳам мешаванд, наметавонан дигар бо супурдани ҷарима озод шаванд. Онҳо аз озодӣ маҳрум мегарданд.

Тибқи моддаи 319 кодекси ҷиноятии Тоҷикистон шахсе, ки барои гирифтани ришва айбдор мешавад, аз 5 то 12 сол маҳкум хоҳад шуд, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо мусодира молу амвол низ пешбинӣ гардидааст.

Ин дар ҳолест, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар феҳрасти кишварҳои фасодзада қарор гирифтаанд. Беш аз 50 дарсади мардуми кишварҳои Осиёи Марказӣ, гуфтанд ки дар давоми сол ҳангоми муроҷиат ба муассисаҳои давлатӣ, ба додани ришва мунҷар мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0