ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Имрӯз Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон нишасти матбуотӣ дошт. Ба гуфтаи рӯзноманигорон, ин дафъа нишасти кумита "ғайриоддӣ" баргузор шуд.
Рӯзноманигорон чун ҳарвақта барои гирифтани посухҳои мушаххас ба саволҳои худ ба нишасти кумита рафтанд. Ҷаласа соати 9:00 оғоз шуда, бояд як соат давом мекард.
Одатан дар байни даҳ понздаҳ дақиқаи вақти ҷудошуда масъулин аз фаъолияти худ ҳисобот медиҳанд ва сипас ба рӯзноманигорон иҷозат мешавад, ки суолҳои худро пешниҳод кунанд.
Масъулини кумитаи занон низ нусхаҳои гузориши худро ба ҳозирон тақсим намуда, нишастро оғоз карданд.
Идигул Қосимзода пас аз салом ба қироати гузориши кумита сар кард.
Рӯзноманигорон сабурона ба хониши раиси кумита гӯш медоданд ва интизор мешуданд, ки кай саволу ҷавоб оғоз мешавад.
Аммо Қосимзода ҳамоно аз варақаи иттилоия хондани гузоришро идома медод.
Дар дақиқаи 30-ум косаи сабри нафаре аз иштирокдорон лабрез шуду пешниҳод кард, ки ба қисми саволу ҷавоб гузаранд.
Дар посух раиси кумита гуфт, ки барои саволҳои онҳо вақти кофӣ ҷудо хоҳад кард.
Ҳамин тавр хониши гузориш 20 дақиқаи дигар идома ёфту дар умум 50 дақиқаи вақти ҷудошуда тамом шуд. Дар анҷом ҳамагӣ 4-5 нафар ба Қосимзода савол доданду мутасаддиёни толор аз рӯзноманигорон хоҳиш карданд, ки биноро тарк кунанд: толор барои ҷаласаи дигаре банд шуда буд.
Саволе ба миён меояд, ки дар ҳоле ки нусхаи гузоришро ҳар як рӯзноманигор дошту метавонист мустақилона хонад, барои чӣ Қосимзода шахсан онро қироат кард? Шояд хониши гузориш барои раёсати кумита роҳи гурез аз суолҳои "ноҷо" буд? Посухи инро бояд аз худи раиси кумита пас аз шаш моҳ дар нишасти матбуотии навбатӣ пурсид. Албатта, агар фурсати савол пайдо шавад…