Ҳалокати фоҷеабори се фарзанди як масъули тоҷик баъди барканорӣ аз мансаб

© Sputnik / Алексей КуденкоБольница
Больница - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Собиқ раиси Комиссариати ҳарбии Кӯлоб дар аввали соли 2018 бо иттиҳоми ришваситонӣ боздошт ва сипас барканор шуда буд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Се фарзанди хурдсоли собиқ сардори Комиссариати ҳарбии Кӯлоб Рустам Бурҳонов дар пайи оташсӯзӣ дар манзили истиқоматиашон ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Ба иттилои манобеи огоҳ, фарзандони Рустам Бурҳонов яке 7 сола ва дигаре 6-солаву 7-сола будаанд.

"Мутаассифона ҳангоми ба бемористон интиқол додани кӯдакон маълум шудааст, ки аллакай онҳо ҳалок шудаанд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳодисаи оташсӯзӣ дар манзили сардори собиқи Комиссариати ҳарбии Кӯлоб Рустам Бурҳонов дар ҳолест, ки дар аввалҳои соли ҷорӣ Ожонси мубориза бо фасод ӯро ба иттиҳоми ришваситонӣ  боздошт карда буд.  Пас аз боздошт ва ҷариба ин мансабдори тоҷик аз вазифа сабукдӯш гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0