ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дафтари матбуоти Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз шаҳрвандони худ, ки ба ҷумҳурӣ сафар мекунанд, хоҳиш намудааст, ки дар кишвар тадобири амниятиро таҳким бахшанд.
"Сафорати Русия дар Тоҷикистон аз шаҳрвандони худ, ки нақшаи сафар ба Тоҷикистонро дорад, хоҳиш мекунад, ки тадобири амниятиро пурзӯр намуда, рафтан ба ҷойҳои камодам ва манотиқи дурдасти Тоҷикистон худдорӣ кунанд", — гуфта мешавад дар ҳушдори сафорат.
Лозим ба ёдоварист, ки қаблан Шамил Шамсутдинов, мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон, гуфта буд, баъди ҳодисаи Данғара чораҳо барои таъмини амнияти кормандони сафорат пурзӯр карда шудаанд.
"Ҷониби Тоҷикистон низ тадобири махсуси амниятиро таҳким бахшид", — изҳор дошт вай.
Ба гуфтаи намояндаи сафорат, барои ҳаракату сафарҳои дипломатҳои Русия дар Тоҷикистон маҳдудиятҳо ворид гардиданд.
Ёдрас мешавем, ки Ҳамла ба 7 дучархасавори хориҷӣ 29-уми июл дар мавзеи Себистони ноҳияи Данғара рух додааст. Мошини "Леганза" сайёҳонро зер карда, сипас афроди дохили мошин ба ҷабрдидагон бо корду табар ҳамла кардаанд.
Дар натиҷа 4 сайёҳи хориҷӣ ба ҳалокат расида, 2 нафари дигар ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи ноҳияи Данғара бистарӣ гардидаанд. Шаҳрванди Франсия Казабат Гуиллаюм Ҷеан осеб надидааст.
ДОИШ 30 июл бо нашри як изҳорот масъулияти ҳамларо бар ӯҳда гирифт. Созмони террористӣ, зоҳиран барои исботи ҳамлааш навори қасамхӯрии муттаҳамонро низ мунташир кард.