Ба талабот ҷавобгӯ нест: дар Тоҷикистон чор "Фаст фуд", ду ошхонаву дӯкони гӯштро бастанд

© Sputnik / Руслан Кривобок / Гузариш ба медиабонкТорговля шаурмой из палатки. Архивное фото
Торговля шаурмой из палатки. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар мавриди фурӯшандагон барои нақзи қавоиди беҳсозӣ ва эпидемоложӣ суратмаҷлиси маъмурӣ таҳия шуд ва онҳо дар кулл 3,2 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 340 доллар) ҷарима шуданд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Кормандони вазорати умури дохилӣ ва мудирияти кулли назорати давлатии беҳдошт ва ҳифозати маданӣ муштаракан дар пайи як амалиёт беш аз 230 кило гӯшт ва 90 литр нӯшокии кӯҳнашударо кашф ва забт карданд, чанд маркази хӯрокхӯрӣ ва дӯкони гӯштро бастанд. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА гузориш медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, амалиёт дар ҷамоъати деҳоти Уялии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон баргузор шуд.

"Маводди ғизоие, ки мусодира шуд, дар ҷойе нигаҳдорӣ мешуданд, ки шароити беҳдоштӣ вуҷуд надошт", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин, фаъолияти нӯҳто маркази хӯрокхӯрӣ, аз ҷумла, чаҳор маркази "Фаст фуд", ду дӯкони гӯштфурӯшӣ ва ду ошхона мутаваққиф шуд, афзудааст ТоҷикТА.

Дар мавриди фурӯшандагон барои нақзи қавоиди беҳсозӣ ва эпидемоложӣ суратмаҷлиси маъмурӣ таҳия шуд ва онҳо дар кулл 3,2 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 340 доллар) ҷарима шуданд.

Гуфта мешавад, ки чунин амалиёт дар оянда  низ баргузор хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0