Фармон, амр ва қарорҳои тозатарини Эмомалӣ Раҳмон

Бо амру фармони раисиҷумҳур ва қарорҳои тозатарини Ҳукумати Тоҷикистон, ки президент, Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, метавонед дар бахши вижаи Sputnik Тоҷикистон шинос шавед.

Қарори Ҳукумат барои тавлиди "Мерседес"-ҳои "Made in Tajikistan"

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонФаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон
Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукумати Тоҷикистон қарор кардааст, ки дар Душанбе корхонаи тавлиди автобусу микроавтобусҳо таъсис дода шавад

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, гуфт корхонаи нав аз ҷониби ширкати туркӣ бо харҷи 20 миллион доллари амрикоӣ сохта мешавад.

Ӯ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе иттилоъ дод, ки қарори Ҳукумат дар бораи таъсиси корхонаи мазкур ба тасвиб расонда шуда, аз ҷониби Тоҷикистон дар ин тарҳ ширкати "Авеста Групп" саҳм мегузорад.

Ба иттилои Ҳамрализода, дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 автобус ва дар оянда тавлиди мошинҳои боркаши 3-8 тон ва микроавтобусҳо дар назар аст. 

Ӯ таъкид намуд, ки мусофирбарҳои хурд бо тамғаи "Мерседес" таҳти муҳри "Made in Tajikistan" ба бозор бароварда мешаванд.

Ин дар ҳолест, ки аз оғози соли ҷорӣ дар бинои собиқ корхонаи троллейбусбарории Душанбе насби автобусҳои "AKAI" роҳандозӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0