ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Нигора Ҳокимӣ, мақомдори Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон, 1 август зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, маоши баланду ҷазои сангин наметавонанд ин зуҳуроти нангинро решакан кунанд.
Ӯ маошҳои баланди Сингапурро мисол овард, ки натавонистааст фасодро дар ин кишвар пурра аз байн барад. Ҷазои сангинро низ Ҳокимӣ камсамар хонда, вазъи Чинро ҳамчун далел пешниҳод кард.
Ба гуфтаи масъули Ожонси зидди фасод, сарфи назар аз ҳукми қатл барои фасодкорон дар Чин ҳамасола дар ин кишвар садҳо ҳазор ҷиноятҳои коррупсионӣ содир мешаванд.
Нигора Ҳокимӣ роҳи беҳтарини мубориза бо фасодро сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии мардум, ҷомеаи шаҳрвандии пурқувват ва ҳамкории зичи расонаҳо бо мақомот алайҳи фасодкорӣ хондааст.
Дар ҳамин ҳол тибқи омори Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон, кормандони соҳаи тандурустӣ, заминсозӣ ва маориф ҳамоно дар сархати фасодкорон қарор доранд.