Амрико масъулияти ДОИШ-ро дар ҳамла ва қатли сайёҳон таъйид накард

© AP / Luis M. AlvarezГосдепартамент США, архивное фото
Госдепартамент США, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Амрико дар ҳоли ҳозир наметавонад, масъулияти ДОИШ-ро дар ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон таъйид кунад

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Вошингтон наметавонад масъулияти гурӯҳи террористии ДОИШ-ро ба ҳодисаи пахши сайёҳон дар Данғара, ки дар натиҷа чаҳор сайёҳи хориҷӣ ба ҳалокат расиданд, таъйид кунад, гуфтааст Хезер Науэрт сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико.

"Бале, мо дидем, ки ДОИШ масъулияти қатли сайёҳонро, ки дар он ду шаҳрванди Амрико ба ҳалокат расидааст, бар дӯш гирифтааст. Мо наметавонем тасдиқ кунем, ки изҳороти ДОИШ рост аст", — афзуд вай.

Кадр видео, распространенный ИГ, где молодые граждане Таджикистана присягают на верность организации - Sputnik Тоҷикистон
Навори қасамхӯрии панҷ ҷавони тоҷик ба номи Бағдодӣ пеш аз ҳамла ба сайёҳон (НАВОР)

Ба гуфтаи Хезер Науэрт, ҳоло Ҳукумати Амрико барои таҳқиқи ин ҳодиса бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

Лозим ба ёдоварист, ки қаблан созмони террористӣ бо пахши як изҳорот бо забони арабӣ дар Твиттер таъкид намудааст, ки ҳамла ба шаҳрвандони коалитсияи кишварҳои салибӣ кори "сарбозони хилофат" мебошад.

Ин ниҳод ҳушдор додааст, ки аз пайи озори шаҳрвандони кишварҳои салибӣ дар ҳар нуқтаи ҷаҳон аст ва амалҳои минбаъдааш бадтар аз ин хоҳанд буд.

Ҳодисаи маргбор 29 июл дар ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара рух дод, ки дар натиҷа чор нафар, ду шаҳрванди ИМА ва шаҳрвандони Ҳолланду Швейтсария ба ҳалокат расиданд. Мошини "Леганза", ки ҳомили афроди мусаллаҳ будааст, гуруҳи дучархасаворонро зер кардааст ва сипас ҷабрдидагон ҳадафи ҳамла бо корд қарор гирифтаанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки тамоми фарзияҳоро аз садамаи нақлиётӣ, то роҳзанӣ ва амали террористӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки ВУД ҷузъиёти ҳамла дар Данғараро нашр карда, онро кори аъзои ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ хондааст.

Лентаи хабарҳо
0