ДУШАНБЕ, 31июл — Sputnik. Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар Душанбе хабар медиҳад, ки дар пойтахт барои бартараф кардани ҳолатҳои ҳузури шаҳрвандони маст дар ҷойҳои ҷамъиятӣ гурӯҳи корӣ ташкил гардид.
Раёсат дар пайи баррасии гузориши вебгоҳи хабарии "Ахбор.ком" "Ман масту ту девона, моро кӣ барад хона?" муайян кардааст, ки дар ҳақиқат ҳузури шаҳрвандони маст дар ҷойҳои ҷамъитии пойтахт ба назар мерасад.
"Ҳузури шаҳрвандони маст дар боғҳо ва марказҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, ки ҳусни зоҳирии шаҳри Душанберо коста мегардонанд", — таъкид мекунад манбаъ.
Гурӯҳи кории ташкилкардаи Раёсати ВУД аллакай чанд ҳолати дар кӯчаву боғҳои пойтахт хобидани мастҳоро ошкор карда, онҳоро ба Ҳушёрхонаи тиббии Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе равон кардааст.
Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки мастҳое, ки дар кӯчаву боғҳо хоб мекунанд, бе хонаву дар (бомж) набуда, аксарияти онҳо сокинони ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе мебошанд ва соҳиби хонаву дар ва зану фарзанд низ ҳастанд.
ВУД акс ва ному насаби панҷ мастро мунташир ҳам кардааст.
Раёсат афзудааст, шаҳрвандон ҳангоми рӯ ба рӯ чудан ба чунин ҳолат метавонанд ба милиса тариқи телефони 221 15 00 хабар диҳанд.