Пас аз ҷарроҳӣ: гардишгарони маҷрӯҳ ба Душанбе оварда шуданд

© Sputnik / Владимир ПесняПострадавший в больнице, архивное фото
Пострадавший в больнице, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёдрас мешавем, шоми 29 июл ҳамлагарон дар шоҳроҳи Данғара чанд гардишгарро зер карданд. Дар пайи ин ҳодиса се гардишгар дар ҷойи ҳодиса кушта шуда, як сайёҳи дигар дар бемористон ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Гардишагроне, ки дар пайи ҳамлаи муттаҳамон маҷрӯҳ шуда буданд, ба Душанбе оварда шуда, ду нафари онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд. Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Пизишкони бемористони ноҳиявии Данғара ду гардишгарро, ки бо корд захмӣ шуда буданд, ҷарроҳӣ карданд. Ҳоло вазъи онҳо беҳтар шудааст ва табобат идома дорад ", — гуфтааст корманди ВУД.

Флаги России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Эҳтиёт: Русия ҳаракати дипломатҳояшро дар Тоҷикистон маҳдуд кард

Онҳо шаҳрвандони Швейтсария Ким Айрис ва Дименд Мари Клер мебошанд, афзудааст вай.

Як шаҳрванди дигари Фаронса Гуиллаюм Джеан, ки дар пайи ҳодиса осеби шадиди равонӣ бардошта буд, пас аз сӯҳбат бо равоншинос ба кормандони Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон супурда шудааст.

Пештар хабар дода шуд, ки Шамил Шамсутдинов, мушовири Сафорати Русия дар Тоҷикистон, гуфт чораҳо барои таъмини амнияти кормандони сафорат пурзӯр карда шудаанд

"Ҷониби Тоҷикистон низ тадобири махсуси амниятиро таҳким бахшид", — изҳор доштааст Шамсутдинов ба РИА Новости.

Ба гуфтаи намояндаи сафорат барои ҳаракату сафарҳои дипломатҳои Русия дар Тоҷикистон маҳдудиятҳо ворид гардиданд.

Тадобири Русия дар ҳолеянд, ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон гуфт, таҳдиди ҷиддие барои шаҳрвандонашро дар кишвар намебинад ва далеле барои баланд  бардоштани дараҷаи хатарро надорад.

Лентаи хабарҳо
0