ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Александр Левченко, сухангӯи идораи зиндонҳои Свердлов мегӯяд, фирори Ғаффуров шоми 30 июл ҳангоми санҷиши ҳузури маҳбусон ошкор шуд.
Ба иттилои манбаъ Ғаффуров 38 сол дошта, зодаи Тоҷикистон мебошад. Ӯ барои дуздӣ ба 8 моҳи зиндон маҳкум шудааст.
© Пресс-служба ГУФСИН по Свердловской областиБеглец Рузибек Авазбекович Гафуров в розыске

Беглец Рузибек Авазбекович Гафуров в розыске
© Пресс-служба ГУФСИН по Свердловской области
"Феълан кофтукоб идома дорад. Постгоҳҳои иловагӣ ташкил шудаанд", — изҳор доштааст Левченко ба "Уралинформбюро".
Идораи зиндонҳои Русия аз афроде, ки метавонанд дар пайдо намудани Ғаффуров кӯмак кунанд, даъват намудааст, ки бо рақамҳои (343) 359-5611, 359-5744 дар тамос шаванд.